Бо мақсади таҳкими минбаъда ва таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи нав оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он барои солҳои 2026–2030-ро тасдиқ намуд.
Стратегия бо дарназардошти таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, равандҳои вобаста ба тундгароӣ, инчунин таҷрибаи байналмилалӣ дар самти пешгирии экстремизм ва мубориза бо терроризм таҳия гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур самтҳои авлавиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷода муайян менамояд.
Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2026–2030 маҷмӯи тадбирҳои амалӣ оид ба татбиқи ҳадафҳои Стратегияро дар бар гирифта, аз ҷумла баргузории барномаҳои илмӣ ва маърифатӣ, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисон, тақвияти иқтидори таҳлилӣ ва мониторингӣ, инчунин таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои диниро пешбинӣ менамояд.
Бо матни пурраи Стратегия ва Нақшаи чорабиниҳо метавонед аз пайванди зерин шинос шавед