Курси таълимии панҷрӯзаро оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва тундравии террористӣ ба анҷом расониданд.

Рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Душанбе 30 нафар донишҷӯён ва устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон як курси таълимии панҷрӯзаро оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва тундравии террористӣ ба анҷом расониданд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ин курсро дар ҳамкории зич бо Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон барпо намуд.

Рафтори масъулиятноки ҷавонон дар фазои интернетӣ ва шиносоӣ бо усулҳои ошкор кардани матлабҳои террористӣ ва пешгирӣ кардани нашри онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷӯҳи курси таълимӣ буданд. Тренинг ба иштирокчиён дар такмил додани малакаҳои тафаккури интиқодӣ ва дониши онҳо дар бораи нозукиҳои мафҳуми ифротгароии хушунатомез ва тундравии террористӣ кӯмак кард. Дар машқҳои амалӣ иштирокчиён тарзи эҷоди мундариҷа алайҳи таблиғи террористӣ ва ташвиқи оммавии терроризм ва экстремизми хушунатомезро омӯхтанд. Илова бар ин, иштирокчиён бо омилҳои сохтории ифротгароӣ ва терроризми хушунатомез, усулҳои пешгирӣ дар муҳити маҳаллӣ ва нақши ҷавонон дар пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундравии террористӣ шинос шуданд.

Источник: https://www.facebook.com/OSCETajikistan/posts/pfbid02D59AuFBUAEKUhEi81kGVgEn4NgvjXybevfM4NKoyQbWZxtVm5EsWNWobcmiUGPNPl

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.