Котибот оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Пешгирии ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Миёна (PREVECA) аз ҷониби вазорати корҳои хориҷии Олмон маблағгузорӣ карда мешавад қисмати Тоҷикистон

Котибот оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Таъсиси сохтори нави ҳамоҳангсозӣ

Маълумоти заминавӣ 

Тундгарошавӣ (радикализатсия), ифротгароии хушунатомез ва терроризм барои Ҷумҳурии Тоҷикистон як чолише эҷод мекунанд. Тибқи тахминҳо беш аз 1000 пайрави гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИ) Тоҷикистонро тарк карда, ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Сарчашмаҳои дигар тахмин мекунанд, ки шумораи мушобеҳ аз солҳои 1990 дар қатори Ал-Қоида ва Толибон меҷанганд. Бо дарназардошти ба қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ва аз даст додани қаламравҳои асосии худ дар Ховари Миёна аз ҷониби Давлати исломӣ, далелҳо ва нигарониҳои афзоянда ҷой доранд, ки ифротгароён таъсири худро дар Осиёи Миёна густариш дода истодаанд. Гузашта аз ин, таҳаввулоти ахир дар Федератсияи Русия метавонад ба мавҷи муҳоҷирони меҳнатии бозгашта оварда расонад, ки барои дарёфти ҷои кор дар Тоҷикистон мубориза мебаранд. Бо дарназардошти боқӣ мондани сатҳи мушкили бекорӣ дар кишвар, муҳоҷирони кории бозгашта мизони бекориро афзоиш медиҳанд ва интизор меравад, ки зери хатари афзояндаи ифротгароӣ қарор гиранд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи барвақтӣ бо қабули аввалин Стратегияи миллии худ доира ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва Нақшаи амал барои солҳои 2016-2020 чораҳоро ҷиҳати бартарафсозии хатарҳои ин таҳаввулот пеш гирифт. Арзёбии тадбирҳо оид ба татбиқи Стратегияи зикршуда боиси таҳияи Стратегияи ҷорӣ доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд Стратегия номида мешавад) гаштааст. Номи ҳуҷҷат метавонад чизи дигареро ифода кунад, аммо ҳангоми азназаргузаронии бодиққат маълум мешавад, ки он мантиқи пешгирикунандаро пайравӣ мекунад ва дар Нақшаи чорабиниҳо асосан чораҳои пешгирикунанда пешбинӣ карда шудаанд.

Стратегияи кунунӣ ба фаҳмиши ҳамаҷонибаи сабабҳои аслӣ ва оқибатҳои мураккаби ифротгароии хушунатомез ва терроризм барои давлат ва ҷомеа дар маҷмӯъ асос ёфтааст. Аз ин рӯ, рӯйкард ба муқобили таҳдидҳои ифротгароии хушунатомез ва терроризм дар Стратегия рӯйкарди тамоми ҳукуматро бо рӯйкарди тамоми ҷомеа муттаҳид намуда, эътироф карда мешавад, ки дурнамои дарозмӯҳлат ва кӯтоҳмуддат бояд мутавозин бошанд ва чораҳои таъмини тартибот ва татбиқи қонунуҳо бояд бо ҳам иртиботи ногусастанӣ дошта, бо тадбирҳои пешгирикунанда алоқаманд бошанд.

Бинобар ин, татбиқи Стратегия, бахусус дар робита ба ҳадафҳои пешгирикунандаи дарозмуддати он, ҳамкории мунтазами субъектҳои сершумори давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва тадбирҳо, воситаҳо ва саҳми онҳоро аз қишрҳои гуногуни ҷомеа тақозо мекунад. Тибқи Стратегия ба Прокуратураи генералӣ вазифа гузошта шудааст, ки ба ҳайси мақоми ҳамоҳангкунандаи умумии масъули иҷрои Нақшаи амали Стратегия мутобиқи бандҳои 34-35-и Стратегия ва банди 2-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №187 аз 1 июни соли 2021 амал кунад. Дар Стратегия омадааст, ки «Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба иҷрои Стратегияи мазкур, инчунин назорат ба рафти амалишавии он аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро доир ба ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин сафорат ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ба амалисозии Стратегияи мазкур тавассути Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд».

Ба таври муассир ҳамоҳангсозӣ кардани чунин шумораи зиёди субъектон ба таври пай дар пай ва ба натиҷа нигаронидашуда аз иқтидори кадрӣ ва институтсионалии мавҷудаи Прокуратураи генералӣ бештар аст. Ин хатари норасоиҳоро дар татбиқи Стратегия, махсусан дар самти пешгирӣ ба миён меорад.

Ҳамроҳӣ кардани ҷараёни таъсиси Котибот

Таҳияи консепсия

Дар заминаи дар боло зикршуда Прокуратураи генералӣ дар моҳи марти соли 2022 аз лоиҳаи PREVECA дархост намуд, ки раванди таъсиси Котиботро ҳамчун мақоми ҳамоҳангсозии байниидоравӣ барои татбиқи Стратегияи миллӣ дастгирӣ кунад. Дар асоси параметрҳои аз ҷониби Прокуратураи генералӣ додашуда лоиҳаи PREVECA лоиҳаи аввалини консептуалиро барои Котибот таҳия намуд. Лоиҳаи мазкур, аз ҷумла сохтори кадрӣ ва буҷаи тахминӣ моҳи майи соли 2022 баррасӣ ва якҷоя такмил дода шуданд ва он инчунин ба сифати пешниҳод хизмат кард, ки аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ба агентиҳои байналмилалӣ бо дархости маблағгузорӣ барои вазифаҳои мушовирон муаррифӣ карда шуд.

Машварат ва дастгирии доимӣ

Пас аз таҳияи нусхаи ниҳоии консепсия лоиҳаи PREVECA Прокуратураи генералиро дар омодасозӣ ба таъсиси Котибот дар давоми тобистон ва тирамоҳи соли 2022 ҳамроҳӣ ва дастгирӣ намуд. Ин машваратҳои расмиётиро доир ба кӯшишҳои сафарбаркунии маблағ ва муошират бо донорҳо ва ҷонибдорони эҳтимолии Котибот; дастгирии маъмурӣ ва молиявӣ, масалан, вохӯриҳо бо шарикони байналмилалӣ; ва муҳокимаи мунтазамро дар бораи шартҳои зарурии пешакӣ барои фаъолияти амалии Котибот дар бар гирифт. Нишондиҳандаҳои ин раванд ҷаласаҳои Платформаи ҳамоҳангсозӣ аз 18 августи соли 2022, ки дар он нақшаи таъсиси Котибот расман эълон карда шуд ва баромади Президент дар ҷаласаи сатҳи баланд дар заминаи раванди Душанбе аз 18 октябри соли 2022 буданд, ки дар он ӯ аз таъсиси Котибот ва ҷаласаи расмии ифтитоҳии Котибот дар таърихи 04 ноябри соли 2022 ёдовар шуд. Аз он вақт то инҷониб таҳти сарпарастии Прокуратураи генералӣ якчанд вохӯриҳои ҳамоҳангсозӣ бо мақсади дархости дастгирии байналмилалӣ ба Котибот ва ҳамгироии дубораи бозгаштагон бо дастгирии лоиҳаи PREVECA дар асоси дархост гузаронида шуданд.
Таъсиси як мақоми нави маъмурӣ то андозае ба сохтани киштӣ дар баҳр шабоҳат дорад, бахусус бо назардошти фарқияти байни интизориҳои баланд аз як тараф ва номуайянии марбут ба масъала ва тартибот аз тарафи дигар. Ин нуқта махсусан нисбат ба Котибот дар охири соли 2022 дуруст ва муҳим буд.

Аксари котибони навтаъиншуда дар бораи мавзӯи васеътари пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез фаҳмиш ва дониши кам доштанд;

аксари онҳо ҳатто Стратегияро қаблан нахонда буданд. Зиёда аз он, аксари онхо якдигарро намешинохтанд ва ба хамкории пурсамари байниидоравй одат накарда буданд.

Бо мақсади ташаккули фаҳмиши муштараки мавзӯъ ва айнияти муайяни гурӯҳӣ дар байни котибон лоиҳаи PREVECA дар моҳи ноябри соли 2022 ва январи соли 2023 дар чаҳорчӯби вохӯриҳои расмии Котибот ду семинар баргузор намуд.

Ҷобаҷогузории кадрҳо ва баланд бардоштани иқтидор

Яке аз мушкилоти асосӣ пур кардани вазифаҳои котибон аз ҷониби дигар мақомоти давлатӣ ва ба кор ҷалб кардани кормандон ба вазифаҳои иловагие буд, ки аз ҷониби шарикони байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд. Нақши лоиҳаи PREVECA аз таҳияи тавсифи умумии дастурамалҳои вазифавӣ, дастгирии Прокуратураи генералӣ дар раванди хабардор кардани шарикони байналмилалӣ дар бораи ин кӯшиш ва ҳамроҳӣ кардани Прокуратураи генералӣ дар рафти ташкили раванд бо мақомоти миллии давлатӣ тавассути машваратҳо доир ба мавзӯъ ва тартиботи корбарӣ буд. То моҳи ноябри соли 2022 ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор тибқи Стратегияи миллӣ намояндаҳоро ба Котибот таъин карданд. Тавсифи умумии дастурамалҳои вазифавии аз ҷониби лоиҳаи PREVECA таҳияшуда барои шинос кардани котибон бо нақш ва вазифаҳои нави онҳо истифода карда шуданд.

Илова бар ин, лоиҳаи PREVECA Прокуратура генералиро дар ташвиқи дастгирии байналмиллалӣ тавассути маблағгузории мушовирони Котибот аз моҳи ноябри соли 2022 то нимаи аввали соли 2023 дастгирӣ намуд. Бо мақсади нишон додани намуна ва фароҳам овардани қобилияти ибтидоии амалиётии Котибот лоиҳаи PREVECA се мушовирро барои кор дар Котибот дар моҳи апрел ҷалб намуд, мувофиқан оғоз аз моҳи майи соли 2023 барои шаш моҳ ва боз як мушовири дигарро дар моҳи ноябри соли 2023 барои кор дар тӯли 11 моҳи дигар. Кӯшишҳои муштараки лоиҳаи PREVECA ва Прокуратураи генералӣ барои ҳавасманд кардани дастгирии бештари байналмилалӣ самараи худро дар моҳи ноябри соли 2023 овард, вақте ки БРСММ ду мушовири иловагиро ба Котибот ба кор ҷалб намуд.

Мавзӯи ин семинарҳо шиносоӣ бо Стратегияи миллӣ ва нақшу ваколатҳои гуногуни вазорату идораҳо дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм буд.

Дар асоси ин семинарҳои омодагӣ лоиҳаи PREVECA дар ҳамкорӣ бо Hedayah як сафари 5-рӯзаи омӯзиширо ба Абу-Даби барои 20 котиб ва дигар намояндагон баргузор намуд. Ба ғайр аз муҳокимаи ҳамаҷониба доир ба пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез, семинар корҳои ба амалия нигаронидашуда доир ба барномаҳои ҳамгироии бозгаштагон ва нақшаҳои инфиродии амали ҳар як идораро дар бар гирифт, ки ба Стратегия ва Нақшаи миллии амал асос ёфтаанд.


Сафари омӯзишӣ ба Абу-Даби дар моҳи феврали соли 2023

Сомонаи Котибот

Бо такя ба талошҳои САҲА баҳри таъсиси сомона барои Котибот лоиҳаи PREVECA Прокуратураи генералиро дар ҷараёни коркарди ниҳоии сохтори мундариҷа ва оғоз кардани пуркунии сомона бо мундариҷа дастгирӣ кард. Лоиҳа ба муаррифии мундариҷаи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ дар сомона ва омода кардани мундариҷа дар бораи саҳми байналмилалӣ тамаркуз кард. Илова бар ин, лоиҳа ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ кард ё тарҷумаи ҳуҷҷатҳои Ҳукумати Тоҷикистонро маблағгузорӣ намуд, то дар сомона нашр карда шаванд. Гузашта аз ин, мушовири аз ҷониби лоиҳаи PREVECA ба кор ҷалбшуда то як рӯзи кори худро дар як ҳафта барои дастгирии Котибот ҷиҳати пуркунӣ, нигоҳдорӣ ва навсозии сомона ҷудо мекунад.

Таҷҳизот ва инфрасохтор

Аз сабаби набудани маблағ ва дастрасии ҷойи озоди ройгон ёфтани ҷои мувофиқ барои дафтари Котибот душвор буд, аммо ҳамчун як ҳалли муваққатӣ лоиҳаи PREVECA Прокуратураи генералиро барои дарёфти утоқи корӣ дар бинои шаҳраки Донишгоҳи миллӣ дар шаҳри Душанбе дастгирӣ намуд. Лоиҳаи PREVECA дар моҳҳои май ва июли соли 2023 таъмир ва таҷҳизонидани утоқҳо бо кондитсионерҳо маблағгузорӣ ва ташкил кард, дар ҳоле ки САҲА таҷҳизоти электронӣ ба мисли ноутбукҳо, телефонҳои мобилӣ ва принтерро харидорӣ кард. Илова бар ин, лоиҳаи PREVECA хароҷоти ҷорӣ барои интернет дар солҳои 2022 ва 2023-ро ба ӯҳда гирифт. Илова бар ин, бо дархости Прокурори генералӣ лоиҳаи PREVECA хариди таҷҳизоти махсуси электрониро дар соли 2022 маблағгузорӣ кард, ки барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар шароити (контексти) пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм истифода карда мешавад.

Тақвияти эътимод

Ба вазифаи Котибот доир ба роҳ мондани робитаю муносибат бо коршиносон ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ то ҳол чандон таваҷҷӯҳ зоҳир карда намешуд ва ин раванд ҳанӯз дар ҳолати ибтидоӣ қарор дорад. Лоиҳаи PREVECA ин равандро дар якчанд риштаҳои гуногун пешбарӣ ва дастгирӣ мекунад. Пеш аз ҳама, лоиҳа мустақиман бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ) ҳамкорӣ мекунад ва аз тобистони соли 2023 то инҷониб кӯшиш карда истодааст, ки нақши онҳоро дар пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ тавассути мусоидат ба таъсиси шабакаи ТҶШ, ки бо ин мавзӯъ машғуланд, тақвият бахшад. Дар давоми соли 2024 як қатор тадбирҳо ва чорабиниҳо дар назар аст, ки барои ба ҳам овардани Котибот ва ТҶШ бо мақсади беҳтар намудани эътимод ва ҳамдигарфаҳмии мутақобила равона карда шудаанд.

Ғайр аз он, лоиҳаи PREVECA моҳи марти соли 2023 раванди таъсиси гурӯҳи коршиносонро ба ҳайси як воҳиди машваратии коршиносони мавзӯъӣ иборат аз намояндагони доираи илмӣ ва ВАО оғоз кард. Гурӯҳи коршиносон ҳамчун як захираи коршиносони мустақил барои такмил додани дониш ва қабули қарорҳои ба далелҳо асосёфта аз ҷониби Котибот ва мақомоти давлатии дар он намояндагидошта пешбинӣ карда шудааст. Ба далели тағйироти кадрӣ ва дигар афзалиятҳои мубрамтар дар раванди оғози фаъолияти Котибот кори гурӯҳи коршиносон аз моҳи майи соли 2023 боздошта шудааст.


Мизи мудаввар бо ТҶШ дар шаҳри Бохтар

Вазифаҳои Котибот

Пешбинӣ карда мешавад, ки Котиботи мазкур барои банақшагирии муассир, роҳбарӣ, мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи Стратегия имконият фароҳам меорад ва ба ин васила татбиқи босамари Стратегияро бо истифода аз рӯйкарди тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа таъмин менамояд.

Интизор меравад, ки Котибот панҷ вазифаҳои асосии зеринро иҷро мекунад:

  • Роҳбарӣ ва назорати сиёсӣ: Татбиқи Стратегияи муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм ҷузъи муҳими саъю кўшишҳои умумии рушд ва омода намудани кишвар ба чолишҳои даҳсолаҳои оянда мебошад, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва бисёр дигар ҳуҷҷатҳо дар самтҳои сиёсати иҷтимоӣ, иҷтисодӣ ва маориф. Вазифаи Котиботи мазкур ҳамоҳангсозӣ кардани татбиқи Стратегия бо дигар ҳадафҳо ва стратегияҳои сиёсӣ мебошад.
  • Банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии умумӣ: Нақшаи амали Стратегия заминаро барои раванди татбиқсозӣ пешниҳод мекунад. Нақши Котиботи мазкур аз татбиқи амалии минбаъдаи Нақшаи амал дар машварат бо ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ иборат аст. Пешбинӣ карда мешавад, ки идораҳои роҳбарикунандаи миллӣ дар ҳар як самти фаъолият таъин карда мешавад ва ба агентиҳои роҳбарикунанда дар муайян кардани нақшҳо ва масъулиятҳо ва раванди табдили ҳадафҳо ба натиҷаҳои пешбинишуда дастгирӣ пешниҳод карда мешавад. Вақте ки сухан дар бораи самтҳои фаъолияте меравад, ки ба ҳам зич алоқаманд ё вобастаанд, ба монанди ҳамоҳангсозии барқарорсозӣ ва ҳамгирои дубораии бозгаштагон аз Сурия ва Ироқ Котибот нақши махсус дорад.
  • Вазифаи ҳамоҳангсозӣ инчунин робита ва ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдори байналмилалиро дар назар дорад. Аз Котиботи мазкур пешбинӣ карда мешавад, ки барои бунёди шабака ва робита бо шарикони байналмилалӣ, идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар самти мавзӯии пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва терроризм ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳанда хизмат кунад. Дар диаграмма дар Замимаи 1 сохтори умумии ҳамоҳангсозии пешбинишуда тасвир карда шудааст.
  • Муколама ва бунёди шабака: Хусусияти мураккаби таҳдидҳои ифротгароии хушунатомез ва терроризм мубоҳиса ва огоҳии умумимиллиро талаб мекунад, ки аз доираи ҷонибҳои манфиатдори татбиқи Стратегия дар ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле фаротар аст. Бо мақсади оғози муколамаи мувофиқ Котибот бояд таъсиси ду шабакаи мутамарказро оғоз кунад ё ба он мусоидат намояд, аз ҷумла
  • Шабакаи миллии коршиносони мавзӯъӣ, ки аз сохторҳои давлатӣ, ниҳодҳои ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва васоити ахбори омма, ки дар соҳаҳои амали дар Стратегия муайяншуда корбарӣ мекунанд ва 2. шабакаи дуюми мутамаркази озодтар ва васеътари ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони алоҳида, ки ҳамаи гурӯҳҳои зерҳадаф, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазир, аз қабили занон, кӯдакон аз табақаҳои камбизоат, маҳбусон ё муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳоро намояндагӣ мекунанд.
  • Иттилоот ва муошират: Котибот вазифадор аст, ки маъракаи иттилоотиро роҳандозӣ кунад ва мубоҳисаи васеътари ҷомеаро доир ба пешгирии ифротгароии хушунатомез дар асоси ду шабакаи мутамаркази коршиносон ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташвиқ кунад. Он бояд паёмҳои асосиро муайян намояд ва боварӣ ҳосил кунад, ки иттилоот ва иртибот ҳамчун як ҷанбаи фарогир дар тамоми соҳаҳои фаъолият ба назар гирифта шавад.
  • Мониторинг ва арзёбӣ: Пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва терроризм талошҳои дарозмуддатро талаб мекунад ва танҳо бо ноилшавӣ ба ҳадафҳои амалиётии Стратегия дар соли 2025 амалӣ нахоҳад шуд. Нақши Котибот аз муайян кардани категорияҳо барои андозагирии (баҳодиҳии) пешрафт ва муваффақият дар татбиқи Стратегия тавассути таҳияи механизмҳои мониторинг якҷоя бо мақомоти роҳбарикунандаи соҳаҳои гуногуни фаъолият иборат мебошад.

 

Натиҷаҳо

Агар бо мушкилиҳо муқоиса кунем, пешравӣ дар таъсис ва ташкили фаъолияти Котибот дар давраи мазкур назаррас буд, гарчанде ки устувории миёнамӯҳлат ва дарозмуддати онро ҳоло дидан лозим аст.

Пас аз ифтитоҳи расмӣ дар моҳи ноябри соли 2022 тақрибан аз шаш то ҳафт моҳ лозим шуд, то Котибот ба ташкили усули кори мустақили худ шурӯъ намояд. Аз лаҳзаи ҷаласаи ифтитоҳӣ дар моҳи ноябри соли 2022 ҷаласаҳои мунтазами Котибот дар шакли пурра гузаронда шуда, ҷаласаи охирини 6-уми он дар моҳи сентябри соли 2023 баргузор карда шуд. Намояндагони вазорату идораҳои дар Котибот иштирокдошта ба таври мунтазам дар бораи фаъолияти худ оид ба татбиқи Стратегия дар ин ҷаласаҳо гузориш медиҳанд. Моҳи августи соли 2023 аз ҷониби Прокуророи генералӣ оинномаи Котиботи мазкур имзо карда шуд, ки раванди ба расмияти ташкилӣ давровардани (институтсионализатсияи) ин ниҳодро ба анҷом расонда, онро ба асосҳои мустаҳкамтар гузошт.

Дар ҷаласаи 6-уми Котибот хабар дода шуд, ки дар давоми моҳҳои май-августи соли 2023 Котибот нақшаи кории солонаи худро таҳия намуда, дар сатҳи маҳаллӣ дар ноҳияҳои гуногун як қатор омӯзишҳо ва вохӯриҳроо доир ба мавзӯи ҳамгироии дубора ва барқарорсозии бозгаштагон аз Сурия ва Ироқ баргузр кард. Дар ин ҷаласа лоиҳаи барнома ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамгироии дубора ва барқароркунии бозгаштагон пешниҳод гардида, аз дигар вазорату идораҳо фикру мулоҳизаҳои ҷавобӣ дархост карда шуданд.

Дар нақшаи кории солона омӯзиш барои мақомоти давлатӣ оид ба усулҳои мониторинг, мониторинги рафти татбиқи стратегия дар шаҳру ноҳияҳо, ҷанбаҳои маблағгузории Котибот ва ҳисоботдиҳӣ оид ба кор дар соли 2023 пешбинӣ карда шудааст.

Бояд ба таври мусбӣ қайд кард, ки дар моҳҳои апрел/майи соли 2023 лоиҳаи PREVECA пай дар пай аз ҳамроҳӣ ва дастгирии равандҳои амалиётии ҳаррӯзаи Котибот даст кашид. Тобистони соли 2023 Прокуратураи генералӣ масъулият ва ташаббусро пурра ба зиммаи худ гирифт ва аз он вақт то инҷониб пешравии фаъолиятро таъмин мекунад. Ин асосан ба шарофати кӯшишҳои шахсони ба таври фаъол ҷалббуда ба амал омад, ки аз ҷониби мушовирони аз тарафи лоиҳаи PREVECA кирошуда дастгирӣ карда мешаванд.

 

Дурнамо

Дар ояндаи наздик Котибот ба бинои навбунёди Прокуратураи генералӣ мекӯчад ва бо Маркази ягонаи иттилоотии навтаъсис, ниҳоде, ки соли 2023 таъсис ёфтааст, зич ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ба шарофати ин рушду дигаргуниҳо Котибот ҳаёту фаъолияти худро ба даст овард ва сифат, амиқӣ ва самаранокии кори он аз доираи таъсир ва ваколатҳои лоиҳаи PREVECA берун рафт. Лоиҳаи PREVECA барои дастгирии Прокуратураи генералӣ ва ҳамкории зичу боэътимод бо он – ба таври маҷозӣ гӯем, нақши акушерро дар таъсиси сохтори нав ва ҳамроҳикунии қадамҳои аввалини он иҷро кард.

Ояндаи Котибот пурра аз Прокуратураи генералӣ ва вазорату идораҳои дахлдор вобаста хоҳад буд. Ба ғайр аз маблағгузории фаъолияти як мушовир то моҳи сентябри соли 2024, лоиҳаи PREVECA тибқи дархост дастгирии чорабиниҳои алоҳидаро идома хоҳад дод.

Доктор Фузиеҳ Мелани Аламир менеҷери қисмати лоиҳаи PREVECA дар Тоҷикистон аз 02 январи соли 2024 
© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.