Баланд бардоштани сатҳи дониш дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва татбиқи он

Пешгирии ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Миёна (PREVECA) Қисмати Тоҷикистон

Баланд бардоштани сатҳи дониш дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва татбиқи он

Силсилаи омӯзишҳо барои намояндагони ноҳияҳо ва ҷамоатҳо

Маълумоти заминавӣ

Тоҷикистон бо таҳдидҳои ҷиддии ифротгароӣ ва терроризм рӯбарӯ мешавад. Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 посухи ҳамаҷониба ба ин чолишҳо буд. Ин ба пешгирии паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм мусоидат кард, вале мушкилоти зиёде боқӣ мондааст. Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули Стратегияи минбаъда барои солҳои 2021-2025 тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ талошҳои худро пай дар пай идома диҳад.

Дар Стратегияи кунунӣ дар қатори омилҳои дигар зарурати беҳтар намудани «такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру деҳот, инчунин ҳайати омӯзгороне, ки бо ҷавонони дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм ҷалббуда корбарӣ мекунанд, бо мақсади пешгирии самараноктари ифротгароӣ ва терроризм зикр гардидааст.  Дар ин замина, барномаи GIZ (Ҷамъияти Олмон оид ба рушди байналмилалӣ) доир ба пешгирии ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Миёна (PREVECA), ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Олмон маблағгузорӣ карда мешавад, дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зич бо Прокуратураи генералӣ як силсилаи иборат аз 26 омӯзишҳоро барои кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргузор намуд.

Лоиҳаи PREVECA ба омӯзишҳое асос ёфтааст, ки аз ҷониби САҲА дар соли 2022 тарҳрезӣ ва ташкил карда шуда буданд. Дар моҳи сентябри соли 2022 GIZ аввалин силсилаи иборат аз 10 омӯзишҳоро дар як кӯшиши муштарак бо САҲА дар соли 2022 баргузор намуд, ки дар доираи онҳо шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он фаро гирифта шуданд. Дар асоси баъзе ислоҳоту дигаргунӣ силсилаи омӯзишҳо дар соли 2023 танҳо таҳти сарпарастии GIZ идома ёфта, дар ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд паҳн карда шуд.

Ҳадафҳо ва мундариҷа

Силсилаи омӯзишҳо ду ҳадафи асосиро пайгирӣ кард:

  1. хабардор кардани иштирокчиён дар бораи ҳадаф ва мундариҷаи асосии Стратегия ва
  2. такмил додани иқтидори онҳо барои саҳмгузорӣ дар татбиқи Стратегия дар ҷои кори худ.

Бо ин мақсад дар рўзи аввали омӯзишҳои 2-рўза иштирокчиён бо асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон шинос карда шуда, тафсир дар бораи мўҳтавои асосии Стратегия пешниҳод карда шуд, истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва маълумотнокии онҳо дар бораи нақш ва фишангҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии ифротгароӣ баланд бардошта шуд. Рӯзи дуюм ба ташаккули иқтидори ба амалия нигаронидашуда, аз қабили усулҳои таҳлили мушкилот дар сатҳи ҷамоат ё ноҳия ва таҳияи роҳҳои ҳалли онҳо бахшида шуд. Иштирокчиён ташвиқ карда шуданд, ки бо такя ба мисолҳои марбут ба таҷрибаи амалии худ кор кунанд ва ба ин васила маводу маълумоти рӯзи аввалро дар асоси шароити (контексти) кори худ муфассал баррасиву таҳлил карданд.

 

 

Тренерон ва усулҳо

Аз ҷиҳати методологӣ, силсилаи омӯзишҳо ҳамчун рӯйкарди таълими гурӯҳӣ тарҳрезӣ карда шудааст, ки се соҳаи гуногуни таҷрибаю малакаҳои мавзӯъиро инъикос мекунад. Дар ҳоле, ки қисмҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби намояндаи Прокуратураи генералӣ гузаронда шуданд, қисмҳо дар бораи истилоҳот ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби шахси дорои маълумоти илмӣ ё тадқиқотӣ пешниҳод карда шуданд.  
  Рӯзи дуюми ба таҷриба нигаронидашуда аз ҷониби тренер ва модератори дорои таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкории хусусӣ гузаронда шуд.
Ба ғайр аз ҳайати дастаи тренерон, дар омӯзиш то ҳадди имконпазир таваҷҷӯҳ ҳарчи бештар ба истифодаи усулҳои интерактивӣ барои ҷалби фаъолонаи иштирокчиён дода мешуд.  
  Дар маҷмӯъ, дар омӯзишҳо омехтаи методологии мавод, саволу ҷавоб, кори гурӯҳӣ ва бозиҳои фаъолкунанда истифода мешуданд.

Ташкил

Вобаста аз андозаи ҷамоат ё ноҳия дар омӯзишҳо аз 20 то 35 нафар иштирокчӣ ширкат карданд. Омӯзишҳо дар ҷойҳое, ки фазои кофӣ ва таҷҳизоти техникӣ доранд, бо пешниҳоди пурраи танаффусҳо барои қаҳванӯшӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ гузаронида шуданд. Иштирокчиёне, ки аз маконҳои дуртар, ки вақти сафарашон то ҷои баргузории омӯзиш бештар аз якуним соатро ташкил медод, дар меҳмонхонаҳо ҷойгир карда шуданд ва барои онҳо нақлиёти гурӯҳӣ ташкил карда шуд. Он иштирокчиёне, ки дар наздикии макони омӯзиш зиндагӣ мекарданд, худашон нақлиётро ташкил карданд ва мутобиқи стандартҳои миллӣ ҷубронпулӣ гирифтанд.

Ба ғайр аз папка бо рӯзномаи омӯзиш, қоғаз ва ручка, ба иштирокчиён нусхаи чопии буклети Стратегияи миллӣ, варақаҳои чопии матнҳои ҳуқуқӣ, инчунин ҳама рӯнамоҳо ва ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ дар флеш-диск пешниҳод карда шуданд.

Омори фарогирӣ

Дар ҷадвали зерин шарҳи умумӣ оид ба шумораи умумии иштирокчиён, инчунин шумораи мардону занон дар ҳар як омӯзиш дар ҳар як ноҳия/ҷамоат иштирокдошта оварда шудааст. Дар ноҳияҳои калонтар ё ноҳияҳое, ки хатари балани тундгарошавӣ (радикализатсия) доранд, зиёда аз як омӯзиш гузаронида шуд. Интихоби ноҳияҳо/ҷамоатҳо ва иштирокчиён дар ҳамкории зич бо Прокуратураи генералӣ сурат гирифт.

Сана Минтақа Мард Зан Ҳамагӣ
2022
1 20-21 сентябр  ш. Душанбе, ноҳияи Сино 16 6 25
2 27-28 сентябр  ш. Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ 23 4 27
3  11-12 октябр  ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур 17 4 21
4  17-18 октябр  ш. Душанбе, ноҳияи Сомонӣ 18 4 22
5  25-26 октябр  ш. Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ 31 5 36
6  8-9 ноябр  Турсунзода 16 4 20
7  15-16 ноябр  Ваҳдат  19 4 23
8  24-25 ноябр  Ҳисор 18 6 24
9  6-7 декабр  Варзоб 18 8 26
10  8-9 декабр  Файзобод 23 3 26
 2023
1  14-15 март  Кӯлоб  18 12  30 
2  16-17 март  Кӯлоб  19 26 
3  27-28 апрел  Кушониён  19 10  29 
4  2-3 май  Панҷакент  26 32 
5  4-5 май  Панҷакент 30 36 
6  16-17 май  Норак 26 34 
7  18-19 май  Нуробод 22 26 
8  13-14 июн  Исфара 19 13  32 
9  15-16 июн  Исфара 14 10  24 
10  20-21 июн  Исфара 17 14  31 
11  11-12 июл  Истаравшан 23 31 
12  13-14 июл  Истаравшан 14 10  24 
13  18-19 июл  Истаравшан 13 21 
14  08-09 август  Спитамен 24 10  34 
15  10-11 август  Спитамен 18 10   26
16  26-27 сентябр  Кушониён 20 26 
ҲАМАГӢ 522 190 712 

 

Натиҷаҳо  

Барои ба таври мунтазам ҷамъ овардани фикру мулоҳизаҳои ҷавобии иштирокчиён ва арзёбии натиҷаи омӯзишҳо дар доираи лоиҳа кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд. Бо дарназардошти фарҳанги хушмуомилагии маҳаллӣ ва ба таври мустақим ном набурдани чизҳои манфӣ, ҳамаи усулҳои ҷамъоварии фикру мулоҳизаҳои ҷавобӣ дар баҳодиҳии натиҷаҳои омӯзиш маҳдудиятҳои зиёд доштанд.

Саволномаи барои пурсиш пеш ва баъд аз омӯзиш таҳия карда шуда, пеш ва баъд аз ҳар як омӯзиш паҳн карда шуд. Мушкилоти асосии методологӣ дар таҳияи саволнома барои баҳодиҳии муваффақияти омӯзиш пурра бартараф карда нашуданд. Гузашта аз ин, аз сабаби набудани интизоми иштирокчиён дар пур кардани саволномаҳо (бисёриҳо танҳо саволномаи пеш аз омӯзиш ё баъд аз омӯзишро пур карданд, бисёриҳо якчанд саволҳоро беҷавоб гузоштанд), варақаҳо мувофиқан маълумоти пурраи боэътимодро пешниҳод накарданд, ки ин ба таҳлили амиқи натиҷаҳои омӯзиш имкон надод.

Умуман аксарияти мутлақи иштирокчиён изҳор доштанд, ки онҳо дар бораи ифротгароӣ ва терроризм, Стратегия ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумоти бештар гирифтанд. Аксарият қайд карданд, ки мафҳумҳои асосӣ, усулҳои таҳлили мушкилот ва инчунин дониш дар бораи Стратегия барои кори ояндаи онҳо хеле муфид хоҳанд буд. Саволҳои тестӣ, ки ба тафсилоти бештар рабт доштанд, аксар вақт беҷавоб мемонданд ё ҷавобҳо имкон намедоданд, ки дар бораи сифат ва амиқии фаҳмиш хулосаи мутақобила ба даст оварда шавад. Фикру мулоҳизаҳои ҷавобӣ доир ба татбиқи мундариҷаи омӯхташуда ба воқеияти кори онҳо хеле норавшан буданд ва тасвири возеҳе надоданд.

Ба ғайр аз саволномаҳо, дар охири рўзи дуюми омўзиш одатан фикру мулоҳизаҳои ҷавобии шифоҳӣ дархост карда мешуд ва нуқтаву назарҳо дар флипчарт муқоиса карда мешуданд. Дар ин давраҳои фирку мулоҳизаҳои ҷавобӣ нуқтаву назари иштирокчиён асосан ба ташкил ва гузаронидани омӯзиш, аз ҷумла рӯйкардҳои тренерон нигаронида шуда буданд. Ба ғайр аз изҳороти умумӣ ба монанди "бисёр омӯхтам", "беҳтар фаҳмидам" ё монанди инҳо, фикру мулоҳизаҳои ҷавобии шифоҳӣ дар бораи мундариҷа кам ё тамоман пешниҳод карда нашуданд.

Ҳамчун фишанги сеюм барои арзёбии натиҷаҳои омӯзиш сӯҳбатҳои ғайрирасмии алоҳида бо иштирокчиён дар рафти қаҳванӯшӣ, сари мизи хӯроки нисфирӯзӣ ё дар дигар мавридҳо гузаронида шуданд. Боз хушмуомилагӣ, одати ошкоро сухан нагуфтан ва умуман эҳтиёткорӣ дар баёни андешаҳои шахсӣ бояд ба назар гирифта шаванд. Бо дарназардошти маҳдудият фикру мулоҳизаҳои ҷавобиеро, ки дар ин гуфтугӯҳои ғайрирасмӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд, то як андоза ҳамчун ислоҳе нисбати дигар фишангхо баррасӣ кардан мумкин аст. Иқтибосҳои алоҳидаи дар поён овардашуда самти умумии фикру мулоҳизаҳои ҷавобии гирифташударо нишон медиҳанд:

«Мавзӯъ барои мо нав нест, мо (5 зан) аллакай дар вохӯриҳои марбут ба ин мавзӯъ ширкат кардем, аммо онҳо хеле расмӣ ва назариявӣ буданд. Ин аввалин омӯзиши муштаракест, ки дар он воситаҳои амалӣ барои кори ҳаррӯзаи мо пешниҳод карда мешаванд». (корманди мақомоти ноҳия аз Кушониён, моҳи апрели соли 2023) 

«Бисёриҳо фарқи байни терроризм ва ифротгароиро намедонистанд. Аллакай пас аз рӯзи аввал, дар вакти танаффус бо баъзе иштирокчиён сӯҳбат карда, пай бурдам, ки фахмиши онхо дар бораи мавзӯъ чӣ тавр бехтар шудааст. Ба шарофати ин омӯзиш». (прокурор аз шаҳри Норак, моҳи майи соли 2023)

 
 

«Дар оянда мо нақша дорем, ки барои омӯзгорону хонандагон семинарҳо гузаронем, то ин ки маълумотнокиро дар бораи ин мушкилот баланд бардорем». (директори мактаби дигар аз Кӯлоб, моҳи марти соли 2023) 

«Бо намояндагони мақомоти гуногун нишастан, амиқтар кардани дониш дар бораи ин мавзўъ, омӯхтани сабабҳои тундгарошавӣ (радикализатсия) муҳим аст, ман боварӣ дорам, ки ин маълумотро дар ҷойҳои корамон истифода бурда метавонем». (корманди мақомоти ноҳия аз Кӯлоб, моҳи марти соли 2023)

«Дар бораи хусусияти пешгирикунандаи чорабиниҳои фарҳангию варзишиӣ омӯхтан ҷолиб буд». (директори мактаб аз шаҳри Исфара, моҳи июни соли 2023) 

«Мо дар бораи стратегия медонистем, аммо дар бораи чунин тафсилот мо намедонистем ва махсусан дар бораи он, ки ҳар як субъекти давлатӣ мувофиқи стратегия вазифаҳои мушаххас дорад». (корманди мақомоти ноҳия аз Нуробод, моҳи майи соли 2023)

 
 

«Имрӯз ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ хеле заиф аст ва ман аҳамияти ҳамкориҳои бештарро барои муқовимат ва пешгирии бомуваффақияти ифротгароии хушунатомез фаҳмидам». (корманди мақомоти ноҳия аз Исфара, моҳи июни соли 2023)

«Дар давоми ин семинар мо бисёр чизҳои муҳимро фаҳмидем ва он як машварати олӣ буд. Мо воқеан аллакай медонистем, ки ифротгароӣ ва терроризм чист, аммо акнун мо дар бораи пайдоиши он, аз куҷо (аз сабаби кадом омилҳо) пайдо шудани он ва тарзҳои роҳ ёфтани он дар байни ҷавонони мо огаҳ шудем. Мо метавонем инро дар кори ояндаи худ дар мактаб истифода барем». (директори мактаб аз Кӯлоб, моҳи марти соли 2023)  

 

«Ман намедонистам, ки тундгароӣ (радикализм) чист. Ҳоло ман дар бораи омилҳое, ки метавонанд боиси тундгарошавӣ (радикализатсия) шаванд, беҳтар фаҳмидам». (иштирокчӣ аз шаҳри Истаравшан, моҳи июли соли 2023) 

«Баргузории семинар ҷолиб буд, ки дар он одамон аз идораву муассисаҳои гуногун ҷамъ омаданд. Дар оянда ҳамкорӣ кардан муҳим аст». (корманди мақомоти ноҳия аз Спитамен, моҳи июли соли 2023)

 

Дар маҷмӯъ, дар бораи натиҷаҳои омӯзиш изҳороти боэътимод кардан имконнопазир аст. Дар асоси се фишанги баҳодиҳӣ метавон тахмин кард, ки аз лиҳози амиқтар кардани дониш ва фаҳмиш дар бораи зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм, Стратегия ва нақши ҳалкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкории байниидоравӣ омӯзишҳо бомуваффақият гузаронда шуданд. Гуфтан мушкил аст, ки то чӣ андоза ин дониш ва фаҳмиши беҳтар ба амалияи дигар оварда расонд. Илова бар ин, маҳдудиятҳои қавии системавӣ барои оғози тағйирот бояд ба назар гирифта шаванд. Барои арзёбии татбиқи мундариҷаи омӯхташудаи онҳо дар амалияи ҳаррӯзаи худ мурофиқати бештари иштирокчиёни алоҳидаи омӯзишҳо лозим аст.

Мелани Аламир, Менеҷери лоиҳаи PREVECA дар Тоҷикистон сентябри соли 2023
© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.