Тақвияти устувории ҷавонон

Пешгирии ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Миёна (PREVECA) Аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Олмон маблағгузорӣ карда мешавад Қисмати Тоҷикистон

Тақвияти устувории ҷавонон

Лагерҳои ҷавонон, маркази ҷавонон ва машғулиятҳои ихтиёрӣ (факултативӣ)

Маълумоти заминавӣ

Тоҷикистон таҳдидҳои ҷиддии ифротгароӣ ва терроризмро дарк мекунад. Бо дарназардошти Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар асоси Стратегияи қаблӣ барои солҳои 2016-2020 Ҳукумати Тоҷикистон азми қавиро барои идомаи кӯшишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва терроризм зоҳир намуд. Ба Прокуратураи генералӣ вазифа гузошта шудааст, ки татбиқи Стратегия ва Нақшаи амали онро ҳамоҳангсозӣ кунад.

Дар ҳоле, ки дар Стратегия ва Нақшаи миллии амал осебпазирии ҷавонон эътироф карда шуда, зарурати таълимдиҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба талошҳои пешгирӣ таъкид карда мешавад, татбиқи амалии стратегия дар самти фарогирӣ, таълим ва ҷалби ҷавонон ба таври назаррас қафо монда истодааст. Сабабҳоро дар набудани фарҳанги тавонмандсозии ҷавонон, дар набудани густурдаи дониши мавзӯӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва набудани ҳавасмандгардонии ҷавонон барои машғулиятҳои фароғатӣ, имкониятҳои омӯзишӣ ва имкониятҳо барои рушду инкишоф дидан мумкин аст.

Давраи наврасӣ як давраи ҳаяҷонбахш, пуршиддат ва ташаккулёбандаи ҳаёти ҷавон аст. Ин замонест, ки ҷавонон барои баромадан ба ҷаҳон омодагӣ мебинанд, таҷрибаҳои аввалини худро берун аз оила ташаккул медиҳанд ва кӯшиш мекунанд, ки ақида ва фаҳмиши худро дар бораи ҷаҳон пайдо кунанд.

Дар ин марҳила ҷавонон махсусан дар ҷустуҷӯи макону манзалат ва намунаи ибрат ба таъсироти беруна боз ҳастанд ва ҳамзамон иқтидори эҷодии онҳо интизор аст, ки боз шавад. Аксар вақт онҳо роҳнамоии лозимаро дар оила ва атрофиён пайдо карда наметавонанд. Ин онҳоро ба таъсироти манфӣ, аз қабили истеъмоли мундариҷаи манфии интернетӣ, маводи мухаддир ва ҷиноят ё таблиғи ифротгароӣ осебпазир месозад.

Лоиҳаи PREVECA тахмин мекунад, ки беҳтарин пешгирӣ аз интихоби роҳи нодуруст ин пешниҳод кардани таҷрибаи мусбӣ ба ҷавонон, гӯш кардани онҳо ва ташвиқи онҳо барои гирифтани масъулият барои ҳаёт ва ҷомеаи худ мебошад. Маркази ҷавонони “Созандагони фардо” мехоҳад чунин пешниҳодро пешкаш кунад ва макони бехатаре бошад, ки дар он ҷавонон метавонанд таҳти роҳбарии як созмони боэътимоди дорои таҷрибаи кор бо ҷавонон вохӯриҳо баргузор намоянд, бо машғулиятҳои амалӣ машғул шаванд, омӯзанд, эҷод кунанд ё танҳо вақти худро хуш гузаронанд.

Дар ин замина лоиҳаи PREVECA якчанд чорабиниҳоро бо ҳадафи умумии зерин баргузор намуд

  • тақвияти устувории ҷавонон ба таблиғоти ифротгароӣ;
  • ба ҷавонон додани имконият барои тафаккури интиқодӣ, ба худ гирифтани масъулият ва омода кардани онҳо барои иштирок ҳамчун аъзои фаъоли ҷамъият.

Ҳадафҳо ва рӯйкард

Бо фарзи он, ки ноилшавӣ ба ҳадафҳои умумии лоиҳа корбариро на танҳо бо худи ҷавонон, балки бо оилаҳо ва ҷамоаҳои онҳо, аз ҷумла намояндагони ҳукумат, пирони ҷомеа ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб мекунад, ҳадафҳои фаъолияти лоиҳаи PREVECA ба инҳо равон карда шудаанд:

  • пешниҳод кардани имкониятҳои иловагии омӯзишӣ
  • пешниҳод кардани имкониятҳо барои рушду инкишоф ва таҷрибаҳои нави иҷтимоӣ  
  • пешниҳод кардани имкониятҳо барои оғози фаъолиятҳое, ки ҳисси ҳадафмандӣ ва озодии амалро эҷод мекунанд
  • баланд бардоштани маълумотнокии ҷавонон ва ҷамоаҳои онҳо дар бораи хатарҳое, ки аз тундгарошавӣ (радикализатсия) ва ифротгароӣ бермеоянд. 

Лоиҳа ин ҳадафҳоро дар чаҳор самти фаъолият, аз ҷумла таҳияи маводи видеоии таълимӣ, баргузории машғулиятҳои ихтиёрӣ (факултативӣ) дар мактабҳо, гузаронидани лагерҳои ҷавонон ва таъсиси маркази ҷавонон дар як ҷамоати интихобшуда пайгирӣ намуд. Чаҳор самти фаъолият ягонагии талошҳоро дар зери тамғаи (логотипи) «Созандагони фардо» барои амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои умумӣ ташкил медиҳад, ҳарчанд онҳо дар маконҳои гуногун ва бо шарикони гуногун гузаронда шуданд. Дар он ҷое, ки имконпазир буд, онҳо амалан бо ҳам алоқаманд буданд.

 

Тадбирҳо

Таҳияи виденаворҳои таълимӣ

Ҳарчанд дар бозор маводи зиёди видеоии байналмилалӣ вуҷуд дорад, ки ба баландбардории маълумотнокӣ ва маърифат дар мавзӯи пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез нигаронида шудаанд, ҳеҷ кадоме аз ин маҳсулот мустақиман ба шунавандагони тоҷик равон карда нашудааст. Аз ҳамин сабаб дар доираи лоиҳаи PREVECA тасмим гирифта шуд, ки ду видеои гуногун аз ҷониби ширкатҳои гуногун таҳия карда шавад. Дар раванди тӯлонии таҳияи сенарияҳо ва ҳамкорӣ бо ширкатҳо бо мақсади таҷассуми сенария дар тасвирҳо ду навори видеоӣ бо забони тоҷикӣ таҳия карда шуд, ки аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар моҳи сентябри соли 2023 (филм) ва октябри соли 2023 (видеои аниматсионӣ) мувофиқан тасдиқ карда шуданд.

Ин ду навори видеоӣ асосан ҷавонони тақрибан 15-18-соларо зери ҳадаф қарор медиҳанд ва аз ҷиҳати тарҳ хеле фарқ мекунанд. Видеонавори аввал як филмест, ки тақрибан 11 дақиқа тӯл мекашад, ки дар он ҳикояи ду дӯст нақл карда мешавад, ки яке аз онҳо тундгаро мешавад ва ниҳоят ба зиндон меафтад ва дигаре мактабро бо муваффақият хатм мекунад. Он тағйироти рафторро дар пайи тундгарошавӣ (радикализатсия) ва таъсиротро ба оилаи писарбачае, ки ба зиндон меафтад, нишон медиҳад. Филм бо паёмҳое ба охир мерасад, ки ҳар кас ҳамеша ихтиёр (интихоб) дорад, оянда дар дасти худи шумост ва ҷавонон ояндаи Тоҷикистон мебошанд. Вокунишҳо ба ин навори видеоӣ дар чанд омӯзишу чорабиниҳо хеле мусбӣ буданд. Дар рафти баъзе чорабиниҳои тарбиявӣ ин филм баъзе иштирокчиёнро ба гиря овард. Мубоҳисаҳои минбаъда нишон доданд, ки паёмҳо пурра фаҳмида ва қабул карда шуданд.

Видеонавори дуюм як видеои тасвирӣ (аниматсионӣ) бо давомнокии тақрибан 6 дақиқа аст ва он бештар хусусияти иттилоотӣ дорад, ки ба шуур ва қобилияти тасмимгирии тамошобинони ҷавон муроҷиат мекунад. Маърӯзачӣ шарҳ медиҳад, ки ифротгароӣ ва терроризм чист ва гурӯҳҳои ифротгаро чӣ гуна паёмҳои худро барои ҷалби пайравон бо ҳамроҳии аниматсияҳои ҷолиб баён мекунанд. Ин навори видеоӣ асосан бо ҳамон паёмҳо ба монанди филм ба анҷом мерасад. Азбаски ин видеонавор то кунун ҳамагӣ ду маротиба намоиш дода шуд, таъсироти умумии онро ҳанӯз ба таври дақиқ санҷидан мумкин нест. Чунин таассурот ба миён омад, ки дар муқоиса бо филм фаҳмидан ва дарк кардани он аз ҷониби шунавандагони зерҳадаф душвортар аст, аз ин рӯ, ҳоло он каме содда карда мешавад.

Ҳарду маҳсулот дар тамоми чорабиниҳои ояндаи омӯзишӣ ва таълимии лоиҳа дар соли 2024 истифода хоҳанд шуд. Онҳо ба таври иловагӣ бо субтитрҳо бо забони русӣ таъмин карда мешаванд, то дар дигар кишварҳои лоиҳа дар Осиёи Миёна низ истифода шаванд. 

Машғулиятҳои ихтиёрӣ (факултативӣ) доир ба баландбардории маълумотнокӣ дар мактабҳо

Бо мақсади ба қадри аксар устувор кардани фарогирӣ дар доираи лоиҳа як қатор чораҳо оид ба гузаронидани машғулиятҳои факултативӣ доир ба баландбардории маълумотнокӣ дар мактабҳо дар соли 2023 таҳия карда шуданд. Дар доираи як озмоиш дар шаҳри Душанбе лоиҳаи PREVECA бо ташкилоти маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ), Фонди Авруосиёи Осиёи Миёна (ФАОМ) ҳамкориро ба роҳ монд. Бар асоси маводи таълимие, ки ФАОМ чанд сол пеш таҳия карда буд, қадами аввал аз нав дида баромадани ин маводи таълимӣ барои баргузории омӯзишҳо барои омӯзгорон (ОО) аз моҳи феврал то июли соли 2023 иборат буд. Дар асоси дастурамали таълимии навкардашуда ва васеъкардашуда моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ду омӯзиш барои омӯзгорони ҷавон гузаронида шуд. Аз ҳисоби омӯзгорони омӯзонидашуда даҳ нафар барои гузаронидани машғулиятҳои аввалини факултативӣ муайян карда шуданд. Баъдан дар моҳи сентябри соли 2023 даҳ машғулиятҳои факултативии таҷрибавӣ бо давомнокии 90 дақиқа дар мактабҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

Омӯзиш барои омӯзгорон, сентябри соли 2023

Ин машғулиятҳои озмоишӣ арзёбӣ карда шуданд ва дар асоси ин арзёбӣ лоиҳа ин чорабиниро дар чанд минтақаҳои кишвар дар соли 2024 тавсеа хоҳад дод. Дастурамали таълимӣ минбаъд навсозӣ ва такмил дода мешавад ва омӯзиш барои омӯзгорон то дуюним рӯз тамдид карда мешавад, то ин ки инчунин барои машгулиятҳои амалй имконият фароҳам дода шавад. Илова бар ин, чорабиниҳои минбаъда дар сатҳи маҳаллӣ бо иштироки ҷамоаҳои маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо машғулиятҳои факултативӣ дар мактабҳо бо мақсади таъмини устувории бештар ва фарогирии тамоми ҷамоат гузаронида мешаванд.

Машғулиятҳои факултативӣ доир ба баландбардории маълумотнокӣ дар шаҳри Душанбе, сентябри соли 2023.

Аз нуқтаи назараи мундариҷа омӯзиш барои омӯзгорон ба муаррифии фаҳмиши асосии меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ, терроризм, хатарҳои тундгарошавӣ (радикализатсия) тавассути интернет ва сӯистифодаи изҳороти динӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Илова бар ин, ба омӯзгорони ҷавон усулҳои интерактивӣ ва тариқи бозӣ корбарӣ намудан бо мактаббачагон доир ба мавзӯи ҳассос пешниҳод карда шуданд. Баъдан ба муаллимони омӯзонидашуда тавсия дода шуд, ки ду мавзӯъро аз ОО барои машғулиятҳои факултативии худ интихоб кунанд. Аксари омӯзгорон мазӯҳои шиносоии умумӣ ва хатарҳои тундгарошавӣ тавассути интернетро интихоб намуданд, ки яке аз роҳҳои асосии ифротгароӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Вобаста ба натиҷаҳо арзиши асосии иловашуда дар раванди умумӣ, оғоз аз таҳияи дастурамали таълимӣ дида мешавад. Азбаски ин дастурамал аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Прокуратураи генералӣ ва дигар ниҳодҳо тасдиқ карда шудааст, ин раванд имкон дод, ки ҷанбаҳои муайяни мавзӯъ ба асоси маъмулан қабулшудаи мубоҳисаҳо дар Тоҷикистон ворид карда шаванд, аз қабили аҳамияти пешгирӣ, нақши муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон ва аҳамияти беҳтар намудани маърифати динӣ. Натиҷаи дигари мусбӣ ин баландбардории маълумотнокии омӯзгорони ҷавон мебошад, ки онҳо на танҳо ихтиёран ба гузаронидани дарсҳои факултативӣ изҳорӣ омодагӣ карданд, балки инчунин ваъда доданд, ки донишро дар байни ҳамкасбони худ паҳн намуда, онро дар дарсҳои муқаррарии худ истифода баранд. Барои мактаббачагон як фаҳмиши возеҳу равшане, ки ба худ аз машғулиятҳои факултативӣ гирифта метавонистанд, эҳтимолан ин маслиҳатҳо оид ба роҳҳои ошкор кардани мундариҷаи ифротгароӣ, бештар эҳтиёткор ва огоҳ будан ҳангоми нашри матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои канорагирӣ аз дастгириии номатлуби ифротгароӣ буданд.

То ба ҳол омори фарогирии ин чорабинӣ чунин мебошад: ҳамагӣ 36 нафар иштирокчиён аз омӯзиш барои омӯзгорон гузаштанд, ки аз онҳо 23 нафар занон ва 13 нафар мардон мебошанд. Аз байни онҳо даҳ нафар дар панҷ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ду машғулиятҳои факултативии озмоишӣ гузарониданд. Дар доираи ин машғулиятҳо дар маҷмӯъ 200 нафар хонандагон фаро гирифта шуданд, аз ҷумла 94 нафар духтарон ва 106 нафар писарон.

Лагерҳои ҷавонон «Созандагони фардо»

Дар ҳамкорӣ бо ТҶШ-и маҳаллӣ аз шимоли Тоҷикистон, Маркази дастгири ҷамоати Ворух (МДҶВ) лоиҳаи PREVECA як силсилаи лагерҳои ҷавононро зери тамғаи «Созандагони фардо» оғоз намуд. Лагери озмоишӣ моҳи августи соли 2023 баргузор карда шуд, ки дар он ҷавонон аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара ва Конибодоми вилояти Суғд дар шимоли кишвар иштирок карданд. Барномаи 5-рӯза аз омехтаи лексияҳо ва машғулиятҳои таълимӣ, машқҳо ва бозиҳои интерактивӣ, кори гурӯҳӣ ва фароғат барои 37 нафар хонандагони 15-17 сола иборат буд. Иштирокчиёни лагер ба таври бозӣ бо истилоҳоти асосӣ ва рӯйкарди ҳукумат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар талошҳои пешгирӣ, аҳамияти тафаккури интиқодӣ ва хатарҳои таблиғоти интернетӣ ва чӣ тавр ошкор кардани матлабҳои экстремистӣ шинос карда шуданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба усулҳои интерактивии омӯзиш, аз қабили кори гурӯҳӣ, машқҳои бозӣ, вазифаҳои эҷодӣ ва бозиҳо дода шуд. Ҷавонон дар вақти холии худ метавонистанд ба варзиш ва дигар машғулиятҳои фароғатӣ машғул шаванд.

Ҷавобу вокуниши иштирокчиён хеле мусбӣ буд. На танхо фикру мулоҳизаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ дар рузи хотимавӣ нишон доданд, ки мундариҷаи барнома ва пайдарпайии амалҳо эҳтиёҷоти ҷавононро хеле хуб қонеъ карданд. Илова бар ин, сатҳи ҷалби ихтиёрӣ ва ташаббус дар давоми лагер ва баъд аз он аз шавқу ҳаваси ҷавонон шаҳодат медод. Дар шоми сеюм аксари ширкаткунандагон ихтиёран ба омода ва иҷрои барномаи фарогири фарҳангӣ машғул шуда, маҳорати худро дар рақсу сурудхонӣ, хондани шеър, намоиши саҳначаҳо ва дигар намудҳои ҳунарнамоӣ нишон доданд. Пас аз анҷоми лагер як гурӯҳи ҷавонони фаъол дар паёмрасони WhatsApp як гурӯҳе таъсис доданд. Дар ин гурӯҳ онҳо аз он дам то инҷониб нақл мекунанд, ки чӣ гуна онҳо чизҳои дар лагер омӯхтаашонро бо ҳамсинфони худ ва оилаҳои худ мубодила карданд, чӣ гуна онҳо дар фаъолиятҳои ихтиёрӣ, аз қабили чорабиниҳои хайриявӣ ё матнҳо ва рӯнамоҳои таҳиякардаи худ машғул буданд.

Лагери озмоишӣ ҳамаҷониба арзёбӣ шуда, ба барномаи лагери дуюм дар моҳи ноябри соли 2023 баъзе беҳтариҳо ва ислоҳот ворид карда шуд. Ҷавонон аз се ноҳияҳои иловагӣ (Истаравшан, Хуҷанд ва Спитамен) илова карда шуданд, дар ҳоле ки андозаи гурӯҳҳо аз ҳар як ноҳия камтар карда шуд, ки дар натиҷа як гурӯҳи иборат аз 37 нафар иштирокчиён ҷалб карда шуд, аз ҷумла роҳбарони дастаҳои ноҳиявӣ, ки аз байни муаллимони мактабҳо ба кор ҷалб карда шуданд.

Бо мақсади нигоҳ доштани ҷарёни икишофи мусбии лагер ва интиқоли он ба ҳаёти ҳаррӯзаи иштирокчиён чорабиниҳои минбаъда ба лагер ҷорӣ карда шуданд. Ҳар як гурӯҳ як ғояро (идеяро) барои гузаронидани чорабинии минбаъда дар ҷамоати худ дар давоми лагер таҳия карданд. Бо маблағгузории хурд дар ҳаҷми ҳадди аксари 500 евро барои як гурӯҳ моҳи декабри соли 2023 гурӯҳҳо ба омодагӣ ва татбиқи чорабиниҳои минбаъдаи худ шурӯъ карданд. Аксар вақт бидуни истинод ба мавзӯи пешгирии ифротгароии хушунатомез чорабиниҳои минбаъда ба он оварда расониданд, ки хатмкардагони лагер фаъол шуда, руҳия ва логотипи лагерро паҳн намуда, ба ин васила ба ҳадафи асосӣ, яъне тавонмандсозии ҷавонон ва бедор кардани ҳисси ҳадафмандӣ ва озодии амал дар онҳо саҳм мегузоранд. Чорабиниҳои минбаъда доираи васеи ғояҳоро дар бар мегирифтанд, масалан, ташкили маҳфили шоҳмот, таъмири китобхонаи мактаб ё дастгирии пойафзолдӯзи маҳаллӣ.

Дар доираи лоиҳаи PREVECA дар соли 2024 на камтар аз ду лагери дигари ҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Дар нимаи дуюми сол як чорабинӣ барои ҷамъ овардани ҳамаи он ҷавононе, ки дар чорабиниҳои минбаъда фаъолона иштирок кардаанд ва мукофотонидани ташаббусҳои беҳтарин бо мақсади таҳкими шабакаи ҷавонони фаъол пешбинӣ карда шудааст.

Айни замон фарогирии оморӣ чунин мебошад: дар лагери 23 август 37 нафар иштирок доштанд, ки аз онҳо 21 нафараш писар ва 16 нафараш духтар буданд. Лагери моҳи ноябр 31 нафарро дар бар гирифт, аз ҷумла 23 нафар писар ва 8 нафар духтар.

Бо дарназардошти натиҷаҳо қолаби (формати) лагерҳои ҷавонон махсусан самаранок мебошад. Қолаби бозӣ имкон дод, ки паёмҳои марбут ба мавзӯъ дар бораи пешгирии ифротгароии хушунатомез беҳтар дарк ва аз худ карда шаванд. Аз сабаби вақти пуршиддат, ки дар якҷоягӣ дар лагер гузаронида шуд, ки он инчунин ба таҷрибаи эҳсосотӣ ва робитаи иҷтимоӣ имкон дод, таассурот ва хотираҳо дар бораи чорабиниҳои омӯзишӣ таъсири хеле тӯлонӣ доштанд. Инро аз фикру мулоҳизаҳои мустақими иштирокчиён, инчунин сатҳи таваҷҷӯҳ ва ҷалби иштирокчиён дар давоми лагер ва ҳатто бештар аз иштироки устувори онҳо пас аз лагер хулосабандӣ кардан мумкин аст. Хусусан тавассути чорабиниҳои минбаъда лоиҳа ба ташакуули фаъоли робитаҳо, мубодила ва ҳамкориҳо байни иштирокчиён пас аз лагер мусоидат кард ва фарогирии худро дар ҷамоаҳои худи онҳо васеъ намуд.

Маркази ҷавонони «Созандагони фардо» дар Саразм

Рӯйкарди дигари фарогирии ҷавонон дар ҷамоати махсусан зери хатар қароргирифта дар минтақаи сарҳади ғарбии Тоҷикистон, Саразм дар ҳамкорӣ бо ТҶШ-и маҳаллии «Ҷавонони пешсаф» тарҳрезӣ карда шудааст. Бо мақсади беҳтар намудани имкониятҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддат барои кўдакону ҷавонон дар ҷамоати мазкур ва ба ин васила тақвият додани устувории онҳо бар зидди маводи мухаддир, ҷинояткорӣ ва таблиғоти ифротгароӣ ғояи таъсиси маркази ҷавонон дар моҳи июли соли 2023 ба миён омад.

Пас аз муайян кардани ҷои мувофиқ аз нуқтаи назари бехатарӣ, ҷойгиршавӣ ва хароҷот дар бинои ҷамоати маҳаллӣ, дар моҳи августи соли 2023 шартҳои истифодаи дарозмуддати ройгони ду ҳуҷра мувофиқа карда шуданд ва дар шакли хаттӣ кафолат дода шуд. Ҳуҷраҳо ба таъмири асосӣ ниёз доштанд. Аз аввал кӯдакон ва ҷавонони маҳаллӣ дар бораи ин ташаббус тавассути ҳамкорӣ бо мактабҳои маҳаллӣ огоҳ карда шуданд ва даъват карда шуданд, ки ҳамроҳ шаванд ва аллакай дар марҳилаи таъмир кӯмак кунанд.

Баҳодиҳии эҳтиёҷоти ҳуҷраҳо ба таъмир

 

Кӯмакрасонӣ дар рафти таъмир

Дар баробари таъмири ҷараёндошта кӯдакон ва ҷавонони ҳавасманд дар бораи шавқу рағбат ва интизориҳои худ оид ба чорабинию фаъолияте, ки дар маркази ҷавонон пешниҳод карда мешаванд, фикру андешаронӣ карданд.

Фикру андешаронӣ дар бораи барномаи эҳтимолӣ дар мактаб

Пас аз анҷоми таъмир дар моҳи октябри соли 2023 аввалин чорабиниҳои озмоишӣ гузаронида шуданд ва маросими ифтитоҳи марказ омода карда шуд.

Чорабиниҳои озмоишӣ, октбяр ва ноябри соли 2023

Бо кӯмаки медиа-ширкати баргузоркунандаи чорабиниҳо санаи 14 ноябри соли 2023 бо иштироки намояндагони расмии ҷамоати Саразм, директори дафтари GIZ дар кишвар ва роҳбари лоиҳаи PREVECA чорабинии касбӣ ва хотирмони ифтитоҳи марказ таҷлил карда шуд. Кӯдакон ва волидони сершумор барои ширкат ба ин чорабинӣ омада, дар бозиҳо ва рақсҳои сершумор ширкат варзиданд.

Чорабинии ифтитоҳи маркази ҷавонони «Созандагони фардо»

Бо мақсади нигоҳ доштани ҷраёни инкишофи мусбӣ ва қонеъ гардонидани интизориҳое, ки аз баргузории чорабинии ифтитоҳӣ ба миён омаданд, лоиҳаи PREVECA ташкилоти «Ҷавонони пешсаф»-ро дастгирӣ намуд ва он тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то дарҳол пас аз ифтитоҳи марказ барномаи муваққатии ҳаррӯзаи маркази ҷавононро пешкаш намояд.

Чорабиниҳо рӯзҳои хайриявӣ барои кӯмак ба пиронсолон дар корҳои хонагӣ, дарсҳои рақс ва ғайраро дар бар мегирифтанд. Айни замон омодагӣ барои ба таври мунтазам тартиб додани барнома ва сафарбар намудани кӯдакону наврасони бештар барои иштироки фаъолона идома дорад. Тибқи рӯйхати иштирокчиён дар моҳи декабр дар чорабиниҳои марказ 45 нафар кӯдакону наврасон бевосита ширкат варзиданд, ки аз онҳо 14 нафарашон писарон ва 31 нафарашон духтарон мебошанд.

Рӯзи хайриявӣ, кӯмак ба пиронсолон дар корҳои хонаи онҳо

 

Дарси рақс

Мушкилоти пайваста аз дохилкунии фаъоли кӯдакон ва ҷавонон ба ҳар як қадами таъсиси маркази ҷавонон ва таҳияи барномаи он иборат буд. Баъзе духтарон метавонанд бо набудани хоҳиши волидайни худ барои иштироки онҳо рӯ ба рӯ шаванд, аксари кӯдакон одат накардаанд, ки ба ғояҳо ва овози онҳо гӯш дода мешавад ва онҳо имконият доранд, ки ихтиёру тасмимро ба дасти худ гиранд. Гузашта аз ин, рӯйкарди ҷалби фаъолонаи кӯдакону ҷавонон инчунин боварикунонии ташкилоти ҷамъиятии шарик, волидон, муаллимони мактабҳо ва мақомоти маҳаллиро тақозо мекунад. Ин як кори мунтазам ташаккулёбанда ва сафари омӯзишӣ хоҳад буд.

Доктор Фузиеҳ Мелани Аламир Менеҷери қисмати лоиҳаи PREVECA дар Тоҷикистон Аз 08 январи соли 2024
© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.