24 апрели соли 2024 аз ҷониби GIZ дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар гардонидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва фомеви шахрвандӣ дар самти амалисозии Стратегияи ва баланд бардоштани нақши созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ) дар пешгирии ифротгароии хушунатомез ва густариши ҳамкории зич бо сохторҳои давлатӣ чорабинӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур 50 нафар иштирокчиёнро аз ҷонибҳои асосии манфиатдори мухталиф, аз ҷумла намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, кормандони Маркази ягонаи иттилооти оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии ҶТ, кормандони Котибот оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризми Прокуратураи генералии ҶТ, Шабакаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, коршиносони миллӣ ва шарикони рушд ҷамъ овард.
Чорабиниро роҳбари лоиҳаи PREVECA дар ҶТ Доктор Мелани Аламир оғоз намуда, қайд намуд, ки ташкил ва ба роҳ мондани чунин майдони муколама, инчунин ба ҳам овардани намояндагони ҷомеаи шахрвандӣ ва субъектони амалисозандаи Стратегия қадами мустаҳкам ба амалисозии сиёсати давлати дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм мебошад. Баъд аз он, Доктор Мелани суханро ба сардори Маркази ягонаи иттилооти оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии ҶТ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Маҳмудзода Манучеҳр Маҳкам пешниход намуданд. Дар баромади хеш Махмудзода Манучеҳр оид ба фаъолияти Марказ, Котибот ва ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи шахрвандӣ барои иштирокчиён маълумоти мухтасар дод.
Пас аз он саволу ҷавобҳо байни иштирокчиён оид ба амалисозии Стратегияи муковимат ба экстремизм ва терроризм, нақш ва мавқеи ҷомеаи шахрвандӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, роҳҳо ва усулҳои ҳамкории ҷомеаи шахрвандӣ бо мақомоти давлатӣ, мушкилот ва монеаҳо дар фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳҳои ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардиданд.
Аз он ҷумла, Додарбек Сайидалиев, роҳбари ташкилоти ҷамъятии “Шаҳрванд” дар бораи ҳамкориҳои минбаъда ва мушкилоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар маҳалҳо суханронӣ намуд.
Аҳмадзода Азим, директори ХАОМ - Тоҷикистон низ дар назди иштирокдорон суханронӣ намуда, кайд намуд, ки ташкил ва гузаронидани чунин майдони муколама аз ҷониби лоиҳаи PRECEVA байни СҶШ ва мақомоии давлатӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Аҳмадзода Азим доир ба фаъолияти Шабака ва ҷойгир намудани иттилоот дар бораи хар як аъзои Шабака (иттиҳодияи ҷамъиятӣ) дар сомонаи (вебсайти) Котибот оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризми Прокуратураи генералӣ маълумот дод. Аҳмадзода Азим аҳамияти истифодаи муосир аз платформаҳои онлайнӣ барои паҳн кардани иттилоот ва ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор дар мубориза бо ифротгароии хушунатомезро таъкид кард.
Давоми 2 рӯзи минбаъда, 25-26 апрели соли ҷорӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Чунин вохӯриҳо ҳамчун платформа барои табодули дониш, эҷоди иқтидор ва пайвастшавӣ байни иштирокчиён хизмат мекунад ва ба иштирокчиён имкон медихад, ки фаҳмиши онҳо дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм ва таҳкими шарикӣ байни чомеаи шахрванди ва макомоти давлатӣ хохад гашт.
GIZ дар Тоҷикистон ба дастгирии ташаббусҳое, ки ба сулҳ, субот ва устуворӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, боқӣ мемонад ва ҳамкории зичро бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати пешбурди талошҳо дар самти пешгирии ифротгароии хушунатомез идома медиҳад.