Такмили эътимод ва иртибот байни субъектҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм

Дар “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" аҳамияти ҳамкории зичи фаъолони давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хуб эътироф шудааст. Аммо дар амал дар масъаллаи мазкур камбудиҳои бисёр чой доранд. Паст будани сатҳи огоҳии тарафайн дар бораи нақш ва масъулияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм бояд бартараф карда шавад. Воситаҳои муассири иттилоот ва иртибот вуҷуд надоранд; фарҳанги муоширату ҳамкориҳои боэтимодро бояд ба роҳ монд.

 Лоиҳаи GIZ “Пешгирии экстремизми хушунатомез дар Осиёи Марказӣ” “PREVECA”, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Олмон маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ  бо мақсади рафъи ин камбудиҳо  рӯзҳои 24-26 апрел барои рафъи ин камбудиҳо чорабиние ташкил намуд,  ки мақсадҳои зеринро дар пеш гузошт: . Максади асосӣ:

  • Беҳдошти дониш ва фаҳмиши тарафҳо оиди нақш ва масъулияти давлат ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм
  • Ташаббус додани муколамаи тарафайн
  • Беҳтар намудани боварӣ ва ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

24 апрели соли 2024 дар меҳмонхонаи Румӣ, шаҳри Душанбе, 20 нафар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ аз Котиботи ҳамоҳангсозии Стратегияи миллӣ ва 20 намоянда аз созмонҳои ҷамъиятӣ, вохӯрӣ доир намуданд. Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ  тавассути шабакаи  ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм  ва терроризм муайян карда шуданд. Рӯзҳои 25-26 апрел барои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тренинги навбатӣ оид ба робита бо ҷомеа ва хатарҳои мундариҷаи экстремистии интернетӣ гузаронида шуд.

© SECRETARIAT FOR THE IMPLEMENTATION OF THE STRATEGY ON COUNTERING EXTREMISM AND TERRORISM. All rights reserved.